بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
96:1ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ
Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид
96:2خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ
одамиро аз лахтаи хуне биёфарид
96:3ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ
Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст
96:4ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ
Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод
96:5عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ
ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт
96:6كـَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ
Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад
96:7أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ
ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад
96:8إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ
Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст
96:9أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ
Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад
96:10عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ
бандаеро, ки намоз мехонад
96:11أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ
Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад
96:12أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ
Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад
96:13أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ
Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад
96:14أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ
Оё надонистааст, ки Худо мебинад
96:15كـَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ
Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем
96:16نَاصِيَةٍ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٍ
мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро
96:17فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ
Пас ҳамдамони худро даъват кунад
96:18سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ
Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем
96:19كـَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب
На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда)
Translation: Abdolmohammad Ayati.