بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
86:1وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ
Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд
86:2وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ
Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист
86:3ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ
Ситораест дурахшанда
86:4إِن كُلُّ نَفۡسٍ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٌ
Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад
86:5فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ
Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст
86:6خُلِقَ مِن مَّآءٍ دَافِقٍ
Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст
86:7يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ
ки аз миёни пушту сина берун меояд
86:8إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٌ
Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност
86:9يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ
рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд
86:10فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ
Ӯро на қувватест, ва на ёваре
86:11وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ
Қасам ба осмони бозборанда
86:12وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ
Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ)
86:13إِنَّهُۥ لَقَوۡلٌ فَصۡلٌ
ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад
86:14وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ
ва сухани ҳазл нест
86:15إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدًا
Онон ҳилае меандешанд
86:16وَأَكِيدُ كَيۡدًا
ва Ман ҳам ҳилае меандешам
86:17فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا
Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ
Translation: Abdolmohammad Ayati.