بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
88:1هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡغَٰشِيَةِ
Оё достони ғошия ба ту расидааст
88:2وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ خَٰشِعَةٌ
Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст
88:3عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ
талошкардаву ранҷдида
88:4تَصۡلَىٰ نَارًا حَامِيَةً
дар оташи сӯзон дарафтанд
88:5تُسۡقَىٰ مِنۡ عَيۡنٍ ءَانِيَةٍ
аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд
88:6لَّيۡسَ لَهُمۡ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ
таъоме ғайри хор надоранд
88:7لَّا يُسۡمِنُ وَلَا يُغۡنِي مِن جُوعٍ
ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ
88:8وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ
Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд
88:9لِّسَعۡيِهَا رَاضِيَةٌ
аз кори худ хушнуд
88:10فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ
дар биҳиште олимақом
88:11لَّا تَسۡمَعُ فِيهَا لَٰغِيَةً
ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ
88:12فِيهَا عَيۡنٌ جَارِيَةٌ
ва дар он чашмасорҳо равон бошад
88:13فِيهَا سُرُرٌ مَّرۡفُوعَةٌ
ва тахтҳое баланд зада
88:14وَأَكۡوَابٌ مَّوۡضُوعَةٌ
ва кӯзаҳое ниҳода
88:15وَنَمَارِقُ مَصۡفُوفَةٌ
ва болишҳое дар канори ҳам чида
88:16وَزَرَابِيُّ مَبۡثُوثَةٌ
ва фаршҳое паҳн карда
88:17أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى ٱلۡإِبِلِ كَيۡفَ خُلِقَتۡ
Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда
88:18وَإِلَى ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ رُفِعَتۡ
Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда
88:19وَإِلَى ٱلۡجِبَالِ كَيۡفَ نُصِبَتۡ
Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда
88:20وَإِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَيۡفَ سُطِحَتۡ
Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда
88:21فَذَكِّرۡ إِنَّمَآ أَنتَ مُذَكِّرٌ
Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ
88:22لَّسۡتَ عَلَيۡهِم بِمُصَيۡطِرٍ
Ту бар онон фармонраво нестӣ
88:23إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ
Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд
88:24فَيُعَذِّبُهُ ٱللَّهُ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَكۡبَرَ
Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад
88:25إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ
Албатта бозгашташон ба сӯи Мост
88:26ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم
Сипас ҳисобашон бо Мост
Translation: Abdolmohammad Ayati.