بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
77:1وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفًا
Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
77:2فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفًا
ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
77:3وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرًا
ва савганд ба бодҳои бороновар
77:4فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقًا
ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
77:5فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا
ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд
77:6عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا
дафъ кардани узрро ё бим карданро
77:7إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٌ
ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд
77:8فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ
Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
77:9وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ
ва он гоҳ ки осмон бишикофад
77:10وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ
ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
77:11وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ
ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад
77:12لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ
Барои чӣ рӯзе муъайян шавад
77:13لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ
Барои рӯзи фасл
77:14وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ
Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист
77:15وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)
77:16أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
77:17ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ
ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем
77:18كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем
77:19وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:20أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٍ مَّهِينٍ
Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем
77:21فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ
Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем
77:22إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعۡلُومٍ
то замоне муъайян
77:23فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ
Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем
77:24وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:25أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا
Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
77:26أَحۡيَآءً وَأَمۡوَٰتًا
барои зиндагону мурдагон
77:27وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٍ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءً فُرَاتًا
Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем
77:28وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:29ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед
77:30ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٍ
Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед
77:31لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ
ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад
77:32إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٍ كَٱلۡقَصۡرِ
Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим
77:33كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٌ صُفۡرٌ
гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд
77:34وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:35هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ
Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд
77:36وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ
Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд
77:37وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:38هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ
Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем
77:39فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٌ فَكِيدُونِ
Пас агар ҳилае доред, ба кор баред
77:40وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:41إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٍ وَعُيُونٍ
Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд
77:42وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ
бо ҳар мевае, ки орзу кунанд
77:43كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод
77:44إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
77:45وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:46كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ
Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед
77:47وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:48وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ
Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд)
77:49وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
77:50فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд
Translation: Abdolmohammad Ayati.